Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сиёҳак худро ба сўи Дидор кашида, ба ҳар нағма баос мезад.
— Кӣ омадаст гуфтӣ? — қассоб наздик омада як бор ба зан, як бор ба Дидор нигаристу пурсид.
— Бузи ин бачаяка овардед, пиёда аз қафотон омадаст...
— Амак, ин... Сиёҳаки ман... — Дидорро боз гиря гулўгир кард ва ашк аз чашмонаш якбора ба рўяш рехт. — Накушед...
ман мебарам...
Сиёҳак ин дам ғут-ғуткунон ким-чиҳо мегуфту сару рўи Дидорро мелесид.
— Э, ана гапу мана гап! — хандид қассоб. Баъд чунон ки бо кўдаки панҷсола ҳазлу шўхӣ мекарда бошад, гуфт:
— Охир, ман ина аз додот харидам-ку! А?.. Акнун чӣ мешавад? Додот ту катӣ маслиҳат накарда фурўхт? — Вай гиряву зории бачагонро нозу нуз ва ё ҳамту инҷиқию эркагӣ меҳисобид. — Пул додам... Хўш... савдоро гардонда намешавад, писар. Айб аст. Ту ҷавони кап-калон шудию ҳолӣ барои ҳамин бузича гиря мекунӣ?! Айб аст... Э, аз деҳа то ҳамин ҷо пиёда омадӣ?.. Э, боракалло! — бо завқ хандид вай.
Зан ба Дидор бо як навъ табассуми дилсўзона такрортакрор нигаристу оҳиста-оҳиста ба сари ҷомашўиаш рафт.
— Амак, ин Сиёҳаки ман...
— Додот ба пули ин барои ту сафедакаша мехарад. Чӣ фарқ дорад?! Сиёҳак бошад ҳам, калонак шудаст, гўшт гирифтаст. Расо бонистӣ-да-а?
— Амак, ин азони ман...
— Акнун азони ман шуд, писар. Э, ту наход нафаҳмӣ?
— Бидиҳед, амакҷон, — зорӣ мекард Дидор. — Накушед...
вай... вай... дуои бад мекунад.
— Э, додот пулаша аз ман гирифт!.. Ту ғалатӣ будӣ-ку!
Дидор кисаашро кофту аз он якто яксўмии чорқатро бароварда, оҳиста қати онро кушод ва ба қассоб нишон дод.
— Ана, пул дорам... Боз мебиёрам.
— Ҳа-ҳа-ҳа... — қоҳ-қоҳ зада хандид қассоб. — Ту ина аз куҷо гирифтӣ? А?.. Росташа гўй, аз киссаи додот дуздидӣ? А?
— Не, худи додом доданд, дар танаффус санбўса харида хўр гуфтанд.

пешина
аз 119
навбатӣ