Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай бо умеду илтиҷо ба чашми марди қассоб менигарист, вале андоми ў якзайл бепарво ва сангин буд.
— Ман барои молҳотон алаф мебиёрам... Аз кўҳ ҳезум ҳам оварда метавонам... Амакҷон, Сиёҳакро накушед, ба ман диҳед... Ман хар катӣ ҳар рўз ба молҳотон алаф оварда медиҳам.
— Ба ман нигар, — оқибат ба вай раҳми қассоб омад магар, ба насиҳат пардохт, — бузатро ба ман фурўхтанд, мефаҳмӣ? Додот аз ман пулаша гирифт. Пули мўл гирифт. Ба он пул балки ба ту ягон чиз мехаридагист? Акнун ин буз азони ман...
— Хайр, амак, пулатона гиреду Сиёҳака диҳед... Ин Сиёҳак... беозор, сағира аст. Вай дар ин ҷа зиқ мешавад, ҳеҷ чиз намехўрад... Сонӣ касал мешавад...
Баъди он ки мусоҳиба хеле тўл кашиду ин мавзўъ ба дили қассоб зад, ў ба Дидор гуфт, ки рафта аз додот пулро пас биёру аз хонаи мо бузатро бар. Дидор бо ҳамин умед шитобон ба қафо гашт.
Аммо дар хона ҳам талаби ўро шунида, хандиданд.


Рўзи дигар вай боз роҳи хонаи қассобро пеш гирифт.
Сиёҳакро аз қассоб пурсида гирифтанӣ, ҳеҷ набошад, онро як назар дида, обу алафашро дода, сонӣ баргашта омадан хост.
Дар ҳавои тафсон шаш километр раҳро пиёда гузашта, ба ҳавлии ў расид, вале... Пўсти Сиёҳакро дар тор овезон диду ногаҳон, гўё саг тала карда бошад, бо гиряю фиғон ба қафо тохт.
с. 1979

пешина
аз 119
навбатӣ