Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАКАНГ

Дар тарафҳои мо одатан, бачаҳои бебоку ғайратмандро таҳсин карда, хурўс мегўянд. Хурўси даканги ҳамсояи мо Мунира-хола аз ин ҷиҳат комилан ба номаш мувофиқ буд.
Дар байни махлуқоти олам Даканг худро чӣ мепиндошт, ба мо пинҳон буд, вале аз гашташ, аз савлату ғурураш тахмин задан мумкин буд, ки худро аз ҳеҷ ҷонзот кам намедонад. Вай пару боли сурху норанҷӣ дошта, нўги думаш ба сиёҳӣ моил буд, бениҳоят азимҷусса буда, пою панҷаҳои ғафсу тавоное дошт.
Сари мағрури вай бо тоҷи оташинаш аксаран баланд буд ва чашмони сурху шўхаш ба атроф аҷаб зирак ва бебокона менигаристанд. Парҳои гардани вай монанди тиру камон ба чандин ранг медурахшиданд. Думи бошукўҳашро намегўед!
Хурўс аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас биме надошт. Ҳатто ба муқобили мардони чўбу санг ба даст мусаллаҳ бебокона рост мерафт. Боре вай бо тўдаи мурғон аз зери тавора раҳ ёфта, ба полизи мо даромада баҳузур ковоков мекард, ки хабар ёфтам.
Ман ҳай-ҳайгўён аз дур кулўх ғурронда ба тарафи вай тохтам.
Гумонам, хурўс дар мулки дигарон, боз дар сари гуноҳ аз кас меҳаросад. Вале Даканг сар бардошта, оҳиста қинғос зада, мурғонашро аз хатар бохабар карду худаш болҳояшро каме поён гирифта, ҷангҷўёна рост ба ман рў ба рў омад. Ман дигар ба пеш рафтан ҷуръат накарда, кулўх ғуррондам. Даканг ба сўи ман тохт. Ман қафогаштаравон ўро кулўхборон мекардам, вале хурўси нобакор чунон моҳирона чап медод, ки сангу кулўхи ман ба вай намерасид, расад ҳам, аз афти кор, вай дардро ҳис намекард. Мурғон аз тавора гузашта берун рафтанду баъд хурўс, ҳанўз ҳам бо ду боли андаке овезон, норозиёна қутқуткунон аз таъқиби ман даргузашт ва якпаҳлў-якпаҳлў раҳ гашта, аз паи онҳо рафт. Даканг дар ҳавлии Мунира-хола комилан фармонравоӣ дошт. Агар ба каҳ ем омехта ба пеши гов монанд, аввал хурўс мурғонро оварда сер мекарду баъд гови бечора ба тағора наздик мегашт. То ҷиғелдонашро сер карда, аз сари охур дур рафтани онҳо гов норозиёна пуфу куф карда сар меҷунбонду бас. Албатта, гов ба хурўс ба осонӣ сар нафуровардааст. Харашон ҳанўз ҳам хурўс ба охураш наздик ояд, ду гўшашро ҷафс карда, пушташро гардонда, бо ҳамин гўё «набиё, вагарна қўшлагат мезанам» мегўяд, вале Даканг аз таҳдид метарсидагӣ бало набошад-чӣ!..

пешина
аз 119
навбатӣ