Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сагро намегўед! Саги Мунира-хола Зирак чӣ хел саг аст, ҳама медонанд — аз як нигоҳи ваҳмангезаш дили кас шуввӣ карда меравад. Ана, ҳамин саги калон тоби бо ин хурўс рў ба рў шудан надорад. Зирак аз ҳамаи ҳайвоноти дигар бештар Дакангро хуш намекунад.
Ҳатто ҷеғи онро шунидан намехоҳад. Нимишабҳо агар хурўс ҷеғ занад, саг хобу хоболуд ғишингос мезанад, ҳасратомез фиғон бармекашад. Рўзҳо агар дар сари роҳаш хурўс бошад, Зирак таққӣ аз роҳ бозистода, лаҳзае фикр мекунад, сонӣ аз бало ҳазар гўён, раҳашро дигар месозад.
Даканг ба кўча баромада, бо бачаҳои хурдсол ҳам бедодгарӣ дошт. Дар дасти бача пораи нонро дида, қу-қу-қу гўён гирди вай чарх мезаду як илоҷе карда, нони ўро аз дасташ мегирифт ва дуртар бурда, мурғонро зиёфат мекард. Худаш намехўрд, гоҳе нўл зада, ба мурғон нонро реза карда медод.
Баъд, то ки мурғон бехавотир дон хўранд, атрофро посбонӣ мекард. Аммо хаққашро гуфтан даркор аст — Даканг кўдаконро дўст медошт. Агар ду бача даст ба гиребон шаванд, филфавр қут-қуткунон ба сари моҷаро меомад ва кадоме дар ин муқобала фаъолу зўрнамо тобад, ёлашро хезонда ба вай таҳдид мекард, ҳатто ҷаҳида бо болаш мезад.
Овозаи зўрию далерии Даканг ба дуру наздик паҳн гашту аз ҳар тараф хурўсбозон омада, харидорӣ ҳам карданд, вале ҳамсояҳо ба фурўхтани он монеъ шуданд. Як нафар хурўсбози гузаро нархи онро ба дусаду панҷоҳ сўм баровард. Мунирахола дигар худдорӣ карда натавониста мулоим гашт. Аммо ин бор ҳам, хайрияти кор, ҳамсояҳо ғун шуданду савдоро вайрон карданд. Хусусан, Саркор-амак сахт истоданд. Он кас Дакапг катӣ расо ҷўраи наздиканд. Доим аз киса ягон чиз бароварда вайро зиёфат мекунанд.
— Сесад медиҳам гўяд ҳам, надиҳед! Раис меҳмони аз марказ омадагиро ба ҳамин кулбаи шумо барон чӣ овард?! Аз айвони шумо маҳ надидаст! Барои ана ҳамин хурўс! Ду марди баобрўй-а! — Ман гўсфанд кушта ҷеғ занам ҳам, намеоянд, — гуфтанд он кас ба Мунира-хола. Он кас бесабаб номи раисро ба миён наоварданд.

пешина
аз 119
навбатӣ