МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Баъди ин сухан Мунира-хола агар ҳазор сўм диҳанд ҳам, ба фурўхтани хурўс ҷуръат намекунанд-дия!
— Рост, рост, ин ҳам ҳусни деҳа-да, — ба гап ҳамроҳ шуд Ҷаббори шофир. — Ман аз сафар меоям, ҳар бор аз дур сафедорҳои Ҷўи калонро бинам, дилам гум мезанад! Дар ҳар вилоят мегардам, аҷоибу ғароиби бисёрро мебинам, лекин ин хел хурўс дигар нест. Дар ҳар ҷое хурўси ба ин монандро бинам, валлоҳ ки аз роҳ истода, як дам менигарамаш. Лекин онҳо куҷою ин!.. Ба ҳар ҳол, хурсанд мешавам. Даканг аз пеши назарам мегузарад. Деҳаамонро дидагӣ барин мешавам. Рости гап-дия, агар дар деҳа ҳамин Бобои Наҷоти ришсафед набошад, сафедорҳои Ҷўи калон ё ана, Даканг ва боз як-ду чизи дигар набошад, дар ошамон намак набудагӣ барин... Рости гап... Монед, зеб дода гардад! — хоҳиш кард вай. — Пули ҳамин катӣ бой намешавед, бе ҳамин пул камбағал ҳам намегардед.
Дар ҳақиқат, хурўси Мунира-хола тамошое дошт! Сару гардани бошукўҳашро рост дошта, ба тамоми ҷонзоти дунё бо виқор, балки тамасхуромез, ким-чӣ хел баробароҳанг ва каҷкаҷ нигаристани он, худро ҳамчун соҳиби мутлақи ин атроф ҳис карданаш ҳар касро ба ваҷд меовард. Овозашро намегўед!
Софу ҷарангосӣ ва бағоят дароз. Пирони деҳа мегўянд, ки вай шабҳои бўронии зимистон ҳам вақтро хато намекунад. Аввал Даканг ҷеғ мезадасту сонӣ хурўсҳои дигари деҳа ба вай ҳамовозӣ мекардаанд. Боз мегуфтанд, ки ин хурўс ҳаргиз ҷеғи бемаҳал надорад.
Як пагоҳӣ ман гувоҳи воқеаи аҷоиб будам ва ғайриихтиёр ба ҳамлаи Даканг гирифтор гаштам. Офтоб як қади найза баланд гашта буд. Говамонро ба пода ҳамроҳ карда меомадам.
Пешопеши ман ҳамшираи шафқат Ҳабиба-апа мерафт. Ҳабибаапа ду моҳ пештар тўй шуда, ба гузари мо омада буд. Аз рўи одат, ҳамчун арўси нав ҳамеша сару либоси оҳорӣ мепўшид. Ин пагоҳӣ ҳам дар танаш куртаи атлас, чунон ки очаам мегўяд, алав барин дармегирифт. Ногоҳ Дакангро дидам, ки қутқуткунон ба сўи Ҳабиба-апа метозад.
Ҳабиба-апа хурўсро дида тарсид! «Э, вой!.. Киш-киш, э, исқот!» гўён худро аз як тарафи роҳ ба тарафи дигараш мезад, вале Даканги шум аз вай ҷудо намегашт. Ман дар як миҷҷа задан дар байни Ҳабиба-апаю хурўс қарор гирифтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё