МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ба миён даромадани ман ба Даканг нафорид магар, шикоятомез, баланд-баланд қут-қуткунон ду-се қадам қафо гашту баъд ёлашро як ваҷаб хезонда, ба рўям чунон ҷаҳид, ки агар чап намедодам, рост чашмамро меканд.
— Рўхунук чанд рўз боз раҳи маро мепояд, —гуфт Ҳабибаапа шикоятомез ба занҳои ғун шудагӣ. — То аз ҳамин ҷо гузаштан дилам гуп-гуп мезанад. Намедонам, ман ба вай чӣ бадӣ кардам? Дина ҳам то лаби ҳавз аз қафоям тохт.
— Ин хурўс девона шудагӣ барин, — гуфтам ман ҳангоми девонагӣ ба ҳар як ҷонвари пеш омадагӣ ҳамла кардани ҳайвоноти касалро ба хотир оварда.
Ин суханро шунида, ранги рўи Ҳабиба-апа дока барин канд.
— Наход?.. А? — Лабонаш пир-пир парида, дар изтироб ба ҳозирон нигарист вай. Чашмони ҳаросонаш гўё аз ҳар яке алоҳида-алоҳида дархост дошт: ин тавр набудагист, гўед, ки ин гап нодуруст.
— Не, натарсед, келин, — хоҳиши ҷавонзанро фаҳмидагӣ барин ҳамсояи дигари мо Робия-хола ўро таскин дод. — Одати хурўс ҳамин хел аст, намедонед-чӣ? Ба матои рангин ўч мешавад. Хурўс ранги сурхро махсусан нағз мебинад.
Ин суханонро шунида, аз ҳама пештар ман ҳайрон шудам.
Як-ду рўз шинам ҳам, хезам ҳам, ин хислати аҷиби Дакангро мегуфтам. Ба бачаҳо гуфтам, ба модарам гуфтам, додом аз кор омаданд, ба он кас гуфта, сабаби ин хислати хурўсро пурсидам.
Ашёи рангубарангро фақат Даканг не, қариб аксари паррандаҳо ўч будаанду ман бехабар. Додом гуфтанд, ки дар кўҳсор, бо чодири қуроқи рангин кабкҳоро ҷалб карда, сайд мегиранд. Чодири рангиро дида, кабкҳои хушилҳон ба даври он ғун мешудаанд.
Даканг баъди як соли ин воқеа ҳалок шуд.
Зимистони ҳамон сол, пеш аз ҳалокаш, вай бо шағол дарафтоду хеле зарбу лат хўрда, пакар гашта буд. Ҳама мегуфтанд, ки шасти хурўс гаштагӣ барин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё