Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як шаби сармоӣ шағоли гуруснае ба мурғхона медарояду ба Даканг рў ба рў мешавад. Зираки гаранг дар кадом каҳхона ё ҳезумхона масти хоб будаст магар, хурўси шўр бо дарранда тан ба тан хеле ҷангидаст. Мурғхона аз пашми шағолу аз пати хурўс пур гаштаст-е! Оқибат тапар-тапару қийғоси мурғонро шунида, Мунира-хола бел дар даст омадасту шағол ба зўр пояшро кашола карда гурехтаст.
Зимистон гузашт, баҳор расид. Охирҳои баҳор Мунирахола ба зери мурғи чипораш тухм монду биста барин чўҷа баровард. Чув-чуви чўҷаҳо, қут-қути очамурғ аз саҳар то шом ба гўш мерасид. Ман баъзан ба пеши тавораи боғ омада чўҷаҳоро тамошо мекардам. Сонӣ, як рўз Даканг гурбаи моро пешандоз карда, ба ҳавлиамон гузашт. Агар гурба саросема худро ба хона намезад, ба ҳай-ҳайи мо гўш накарда, хурўс онро лахта-лахта карданаш як амри воқеӣ буд.
Баъди берун рафтани Даканг ман гурбаро маломат кардам:
— Гурбаи бефаҳм! Ба ҷои чўҷадуздӣ муш гирӣ, мемурӣ?!
Дар анборча як ҷуволи дуруст намондаст, ҳамааш сўрох-сўрох, ин шон чўҷа мехўрдаанд! Аҳмақӣ ту! Як бори дигар рав, Даканг чашматро канда ба дастат медиҳад.
Баъди як ҳафтаи ин ҳодиса хурўсро дар назди катаки чўҷаҳо мурда ёфтанд. Монанди як тўб атласи рангин ором хобидани ўро ҳеҷ дар тасаввур ғунҷонда наметавонам. Дуртар аз он море мурда афтодаст. Очамурғ чўҷаҳояшро аз он ҷо дуртар бурданӣ буд, вале чўҷаҳо ба сўи мори мурда гарданчаҳояшонро дароз карда менигаристанду чув-чув доштанд. Баъд, яке аз чўҷаҳо кам-кам ба мор наздик шуду тарсон-тарсон оҳиста онро нўл зад ва ҳаросон худро қафо гирифт. Сонӣ дигаре ҷасуртар гашта ба мор нўл зад, сипас сеюмӣ...
— Офарин, Даканг! — гуфтам ман беихтиёр овоз бароварда. — Хурўси ҳақиқӣ буд! — Ва ба умеди он ки ҳозирон маро дастгирӣ мекунанд, ба атроф нигаристам.
— Агар ин хел шуданашро донам, мефурўхтам, — гуфт Мунира-хола бо афсўс.

пешина
аз 119
навбатӣ