МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Амаки саркор аз зери бурут табассуми маънидоре карданду қафогаштаравон кинояомез гуфтанд:
— Чӣ кор кунам, додои пирам пагоҳ-фардо мемурад гўён, ман ҳам ба як табақ сабўс иваз кунамаш?..
с. 1980
РАМИДА
Ҳамаи бачаҳои гирду атрофаш додо доштанд, фақат вай надошт. Аниқтараш, додош буд, аммо дар куҷое аз ҳоли Муроду модараш бехабар зиндагӣ доштаст. Ин кори вай ҳар замон ба Мурод алам мекард. Бачаҳои дигар ҳамроҳи додояшон ба бозору магазин, ба сайри боғу кўл ва боғи ҳайвонот мерафтанд, рўзҳои истироҳат ба ҷониби кўҳсор сафар мекарданд. Ҷўрааш Насим ҳамроҳи додояш мошинсавор ба моҳидорӣ меравад. Як бор додои Насим ўро ҳам бурд.
Аҷоиботи он рўзро Мурод ҳаргиз фаромўш намекунад. Он рўз хушбахттарин рўзи ҳаёти вай буд.
Бибиаш мегўянд, ки чанд сол пеш аз ин, вақте ки вай хурд будаст, ҳар гоҳ Насим ба истиқболи додояш «додоҷон!» гўён тозад, вай ҳам баробараш «додоҷон» гўён медавидасту амаки Каримро оғўш мекардаст. Он солҳо вай чунон беақл будаст, ки «ман шуморо додо гўям, майлаш?» гўён бибии пирашро гаранг мекардаст. Ҳоло вай хурд не, ба мактаб меравад, ҳама гапу кори дунёро медонад. Ҳар кас якто додо дорад, якто — оча.
Очаю додоро харида ҳам намешавад, фурўхта ҳам, ба қарз ҳам гирифта наметавонӣ. Муаллима ҳамин тавр гуфт, бибӣ ҳам.
Бибиаш хеле пир шудаанд. Суханони пеш аз ин гуфтагиашонро фаромўш мекунанд. Очаю додои ўгай чӣ хел одам аст, чандин бор гуфта буданд, аммо ҳозир мегўянд, ки очаат катӣ ба хонаи додои нав меравӣ. Додои нав — додои ўгай не мегўянд. Мурод нағз медонад: вай мардак бегона аст, бегона, ки аст, ўгай аст. Аз чӣ бошад, ки ҳамаашон ўро гўлу нодон меҳисобанд. Очаю додои ўгайро Мурод нағз медонад.
Чӣ қадар афсона хонд, эҳ-ҳе! Муаллима гуфт, ки афсона ба арчаи оростагӣ монанд аст, аслан дарахти ҳақиқӣ. Ман филми додои ўгайро дида будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё