МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Сонӣ бачаҳо чунон саргузаштҳо гуфтанд, ки агар онро дар хоб бинед, метарсед. Додои ўгай душмани бачаҳо аст. Хайрият, ки холааш аз ин хусус ба вай рўирост гуфтанд: «Агар додои ўгай туро ранҷ диҳад, бархезу ба хонаи бибиат биё!» Ана, ин гапи дуруст. Рости гапро гуфтанд.
Дигар ҳамаашон дурўғ мегўянд, аммо ҳеҷ сурх намешаванд.
Боз муаллима мегўяд, ки агар ҳар кас дурўғ гўяд, аздусар сурх мешавад. Гапи бекора. Агар бачаҳо дурўғ гўянд, ман аз чашмашон мефаҳмам...
Он рўзҳо Мурод аз забони бисёр занон калимаи «ўгай»-ро мешунид. Хешовандон, ҳамсоязанон аз сари дилсўзӣ сари ўро навозиш мекарданд, дилдорӣ медоданд, суханони тасаллибахш ва таскиновар мегуфтанд. Яке аз ҳамсоязанҳо ба бибӣ ҳикоя кард, ки додои ўгай писаракеро ба сағирхона супоридаст.
Дигараш духтаракеро се рўз дар оғилхона беобу нон руст кардаст. Сонӣ бибӣ ба Мурод таъинот дод: «Ба сухани очаат гўш бидеҳ, аз амри вай берун пой нагузор, модар дўсти беғарази одам аст, вай ҳамеша ғами туро мехўрад, бачаам.
Додои ўгай ба ту ҳаргиз дўст намешавад. «Шикамба гўшт намешавад, бегона дўст» гуфтаанд.
Ҳамаи ин гуфтаҳо ба гўши Мурод сурб барин нишаста, ўро ботинан беқарор мекард. Вай ба хонаи падари ўгай ҳаргиз рафтан намехост, вале бибӣ ҳамвора талқин мекард, ки ин гапро нагўяд, очааш меранҷад. Сонӣ Мурод ба дил аҳд кард, ки ба ҳавлии додои ўгай рафта, ўро таъзир диҳад. Дар ин бобат вай хеле андешид, қасоси ҳамаи бачаҳоро аз вай гирифтанӣ шуд. Мурод як шаб додои ўгайро дар хоб дида, тарсида бедор шуд. Додои ўгай дев барин ўро бардошта, ба бом баровард. Аз афти кор, аз бом ба поён андохтан мехост. Мурод таппончаи бозичаашро ба вай рост карда, ўро тарсонд.
Сонӣ дар хонаашон тўй шуд. Мурод ба ҳамаи бачаҳо қандалоту санбўса бароварда дод. Очааш ба тан куртаи сафед пўшида, ба сараш рўймоли сафед андохта арўс шуд. Мурод ҳамроҳи очааш ба мошин нишастан хост, аммо холааш аз дасти вай кашиду манъ кард. Сонӣ ҳамроҳи холааш вай ба мошини дигар савор шуд.
Мошинҳо аввал аз кўчаҳои чароғони шаҳр гузаштанду сонӣ кўчаҳои торик сар шуданд ва оқибат онҳо дар назди дарвозае қарор карданд, ки чароғаш равшан буд ва марду зани бисёре даробаро доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё