Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мурод аз мошин фуромаду ўро як марди лоғарандоми малларанг, мисли он ки ягон хеши наздик бошад, оғўш гирифт.
Вай зўр мезаду ба ёд овардан мехост, ки ўро дар куҷо дида бошад, вале ҳеҷ ба хотир оварда наметавонист. Марди малла дасти ўро гирифту ба хонаи алоҳидае бурд, дастархон густурда, самбўсаву кабоб овард, ба наздаш себу ангуру нок ниҳод ва пайваста бихўр гўён меҳрубонӣ мекарду аз ҳоли вай, аз таҳсилаш пурсон буд.
— Ана, акнун, Муродҷон, ҳамаамон дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекунем. Ман туро ба мактаби маҳалла мебарам. Чунон мактаби зўр. Дур не, ба ҳавлиамон наздик, — мегуфт вай.
Аҷибаш ин буд, ки ин марди ношинос номи ўро, дар кадом синф хонданашро, ҳамаи аҳли хонадони онҳоро медонист. Ҳар замон зане ё марде ба хона даромада, ўро дар паҳлўи ин мард дида, зеҳн монда менигаристанд, ба меҳрубонӣ табассум мекарданд, суханони нағз мегуфтанд, сонӣ аз марди малла доир ба ягон кор маслиҳат пурсида мерафтанд. Аз берун хурўши доира ва таронаи занҳо ба гўш мерасид. Бо вуҷуди ин, тўйи очааш монанди тўйи духтари ҳамсояашон — Дилбар базми артистдор нашуд, ҳофизу раққоса надошт.
— Ман барои ту велосипеди «Орлёнок» харида мондаам, фардо савор мешавӣ, — гуфт марди малларанг.
Мурод аз ҳайронӣ чӣ гуфтанашро намедонист. Ин мардак кӣ бошад, чаро вай барои ў велик харидаст, боз «Орлёнок»!
Балки ўро ба ягон бачаи хешаш монанд кардагист? Ё додои ўгай ҳамин бошад?.. Не, ба додои ўгай монанд не, додои ўгай ин хел намешавад.
Ба хона марди миёнсоли дар танаш ҷомаи зирабеқасаб, дар сар тоқии чустӣ даромад. Вай мўзаи хироми ялаққосиашро нишон додан мехост магар, дар кафшкаш рост истода, буруташро мемолиду ба рўи ў менигарист.
— И-и!.. Ин бача писараки келин? — баъди лаҳзае ба рўи Мурод нигаристан вай аз марди малла савол кард. Вале чашмаш ҳанўз ҳам саропои ўро гўё мепалмосид. Сонӣ ба вай хитобан гуфт: — Додота сахт бидор! Кирои додо аст.

пешина
аз 119
навбатӣ