МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Сонӣ ба марди малларанг рў оварду пурсид: — Ошпазҳо рафтанианд. Ба ҳар яке ҷомаю миёнбанд, бисту панҷсўмӣ пул диҳем, кифоя будагист?
— Коре кунед, ки розӣ бошанд, — гуфт кўтоҳакак марди малла.
Акнун Мурод аниқ донист, ки вай додои ўгай будаст. «Ў, балое, кӣ буданашро нафаҳмонда, маро фиреб карданӣ! — вай зери чашм ба андоми додои ўгай дурусттар зеҳн монда нигарист. — Афташ бебуриш, чашмонаш чуқуру бенур, даҳонаш даҳони қурбоққа барин то бехи гўшаш. Мебинам, чӣ хел ту маро фиреб медиҳӣ?! Ман аз он бачаҳои гўлу гаранг не».
Тадриҷан меҳмонҳо рафтанду ҳавлӣ андаке сокит шуд.
Сонӣ хешовандони дар хидмат буда ҳам якояк хайрухуш карданд. Додои ўгай аз дасти Мурод гирифта, ўро ба сўи иморати калон бурд. Вай лаҳза ба лаҳза сари ўро ба навозиш молида мепурсид:
— Муродҷон, хобат омад? Хоб кардан мехоҳӣ? Онҳо ба хонаи боҳашамати тамом оростаю пероста ворид шуданд.
Фурсате нагузашта холааш ва як зани дигар аз зери оринҷи очааш гирифта, ба хона даромаданд. Дар сари очааш рўймоли сафед, сархам дар пешгоҳи хона рост истод, он ду зан ҳам паҳлўи вай истоданд. Очааш ба ҳар як зани аз дар даромада, бо таъзим салом мекард. Занҳо баробар сухан мекарданд, дастархон меоростанд, давуғеҷ доштанд.
Мурод чашмонашро ба зўр кушода ба онҳо менигарист.
Падари ўгай ин ҳолро пай бурду оҳиста ба гўши вай гуфт:
— Муродҷон, хоб кун, хобат омад. — Сонӣ аз ҷояш бархост. — Биё, ба хобгоҳ барамат.
Мурод ба чашми очааш нигарист, вай бо забони нигоҳ гуфт: «Майлаш, бирав, хоб кун». Сипас ў аз ҷояш бархост.
Рўзи дигар баъди ношто додои ўгай ба Мурод куртаю
костюм ва туфлии нав пўшонд, ба сараш тоқии нав дод. Мурод
тўҳфаи ўро пўшидан нахост, аммо очааш ишора кард, ки
бипўшад. Сонӣ додои ўгай ба ҳавлӣ баромад ва коғазпечи
равғании велосипеди навро канда, онро пок карду ба дасти Мурод дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё