МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Мурод ин бор ҳам рад кардан хост, аммо дилаш ба велосипед кашол буд, бинобар он, зиёда нозу нуз накард.
— Лекин шарт ҳамин, Муродҷон: бо велосипед ба роҳи мошин намебароӣ. То шонздаҳсолагӣ мумкин не, милиса медорад, — гуфт додои ўгай.
Вай ҳамон рўз бо бачаҳои ҳамсоя ошно гашту дар таҳи дарвоза бо онҳо навбат бо навбат велосипедронӣ кард. Сонӣ бо даъвати онҳо ба кўл рафт. Оббозӣ, велосипедронӣ ончунон ўро машғул дошт, ки фақат тарафи бегоҳ гурусна монду ба ёдаш расид, ки бояд ба хона равад.
Дар хона очааш ўро маломат кард. Додои ўгай аз ҷониби ў ба модараш узр оварда, ором табассум мекард. Ба назари Мурод чунин менамуд, ки очааш аслан бо талаби ин мардак ўро сарзаниш мекунад. «Айёра бинед, худаша мусичаи бегуноҳ гирифта табассум мекунад. Ман ҳамаашро медонам, кўдак нестам», — мегуфт вай ба дил. Аз сухани очааш маълум шуд, ки додои ўгай ўро поида ба кўл ҳам рафта омадаст.
Рўзи дитар додои ўгай ўро ба мактаб бурд. Раҳораҳ оид ба интизоми мактаб ва маҳалла, аҳамияти дарсхонӣ, тарзи дар кўча гаштан ва адаб нигоҳ доштан таъинот дод, гуфт, ки баъди анҷоми дарсаш ўро дар таҳи дарвозаи мактаб нигарон хоҳад буд. «Се-чор рўз, то хуб омўхтани роҳ бурда меовардаст! Ў маро кӣ гумон мекунад, намедонам, — худ ба худ заҳрханд мекард Мурод. — Ҳозир агар хоҳам, хонаи бибиамро ёфта меравам. Агар бачаҳои ин мактаб нафоранд, ба мактаби худам меравам...»
Дар ҳавлии додои ўгай ба Мурод аз ҳама беш очаи пиру хоҳари бадафту зақуми ў маъқул нашуд. Мурод агар ба асбобу олоти ҳавлӣ даст занад, пиразан дарҳол овоз мебаровард:
«Ҳой, писарам, мон, дастатро мебурӣ, поятро мезанӣ, мешиканӣ...» Ба назар чунин менамуд, ки вай ғут-ғут накарда, нишаста наметавонад. Гўё ман ягон чизро дуздида мебурда бошам, доим хавотир, аз ман чашмашро намеканад, дарун дароям ҳам, берун бароям ҳам, маро назорат мекунад. Албатта, додои ўгай ба очааш супориш кардагӣ. Агар як даҳан ба вай мегуфт, ки ба Мурод кордор нашавад, кампир ин қадар ғут-ғут намекард. Ўгайи айёре! Боз худро ба гўлӣ зада, дилбардорӣ мекунад: «Муродҷон, аз гапҳои бибикалон наранҷӣ, ин кас калони ҳавлӣ, ҳамаамон гапашона гўш мекунем...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё