МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ана, вай хоҳараш — Саломат, исту бисташ заҳр будаст. Ҳамин ки маро дид, «Канор ист, дар таҳи пой наҷўл, бирав, ба гўсфандон алаф деҳ, об деҳ, ба мурғон дон деҳ, дарвозаро кушода намон...»
Гапаш ҳамин. Ҳатто як рўз очаам дар кор буд, ҷангам кард.
«Ту ин хел бачаҳои кўчаро ғун карда ба ҳавлӣ набиёр, чашмро хато дода, як чиз-ним чизро гирифта мебаранд» гўён чашмашро чунон ало кард, ки хаёл кардам як тарсакӣ мезанад.
Агар очаам дар ҳавлӣ бошанд, дўғ намезанад, аммо агар он кас набошанд, беҳтараш ман ба чашмаш нанамоям. Очаам мегўяд, ки ўро ба шавҳар медиҳанд, сонӣ аз ин ҳавлӣ меравад. Кошкӣ, зудтар мерафт. Очаам гуфт, ки ўро амма гўям. Забонам намегардад. Вақте ки дар ҳавлии бибиам будем, аммаи худам ҳар замон омада, маро дида, мерафт, шоколад меовард. Не, ман Саломати ҷинниро амма намегўям. Дадои ўгайро ҳам додо намегўям. Ҳаргиз намегўям. Ҳеҷ, ҳеҷ...
Додои ўгай —Абдурашид бефарзанд буд. Бо ҳамсари нахустинаш нўҳ сол зиндагӣ карда, фарзанд наёфта буд. Зану шавҳар якдигарро сидқан дўстдор буданд, дар тўли ин нўҳсола ҳамзистӣ ҳаргиз аз ваҷҳи бефарзандӣ ба якдигар сухани таънаомез нагуфтанд, вале ҳар замон норозиёна ғут-ғут кардани модаршў сабаб шуд магар ва ё ягон андешаи дигаре:
ҳамсараш ба вай ҳарфе назада рўзе ба хонаи модараш рафту баргашта наомад. Абдурашид аз инчунин рафтори ў сахт ранҷид, алам кашид, вале ночор ба тақдир тан дод. Як сол, балки бештар аз миён гузашту вай ба модари Мурод — Барфӣ хонадор шуд.
Шиносоиаш бо Барфӣ хеле аҷиб ва тасодуфи маҳз буд.
Абдурашид пас аз кор ба бозори «Баракат» даромада ду харбуза харид. Баъд ба қабати дуюм — ба магазини хўрокворӣ баромад. Қатори навбатдоронро диду фаҳмид, ки ҳамин замон гўшт медодаанд. Навбат гирифт. Аз миён ним соат гузаштанагузашта гўшти яхзадаи суфпечро ба фурўхтан шурўъ карданд. Аз рўи одати маъмула бенавбатгирандагон ҳам пайдо шуданд, телаву такон, ҳамҳамаю ҳайоҳу барпо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё