Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй субҳрӯ, ба зулмати ман нур ҳадя кун,
Бар шоми бесабоҳати ман нур ҳадя кун.
Умрам ба чил расид, вале кӯдакам ҳанӯз,
Бар ҳарфи беиҷозати ман нур ҳадя кун.
Торик роҳу ҷодаи тақдир нонамост,
Бар ваҳшату ба даҳшати ман нур ҳадя кун.
То барфрези баҳмани умрам адо шавад,
Чун шамс бар залолати ман нур ҳадя кун.
Бо чилчароғи чашм фурӯзанда кун дилам,
Бар қалби бемуҳаббати ман нур ҳадя кун.
Берангубӯст зиндагии бефурӯғи ман,
Бар инчунин ҷаҳолати ман нур ҳадя кун.
Кадбонуи танӯри сухан хостам шудан,
Бар нори беназокати ман нур ҳадя кун.
Эй субҳрӯ, зи Ғарби чароғони худ биё,
Бар Шарқи беҳарорати ман нур ҳадя кун.
феврали 2009

ҲАМНИШИНИ ДАР НИҚОБ

Эй офтоб, хандаи ту бардавом бод,
Шамшери абр кунд ва ё дар ниём бод.
Эй моҳтоб- хоҳари қаҳрии офтоб,
Афсонаҳои тӯҳмати ноҳақ ҳаром бод.
Эй ғарқи хоб тифлаки гулбӯи нозанин,
Анфоси дилнавози хушат бонизом бод.
Эй ҳамчу об софу булӯрину мавҷзан,
Духти ҳубоб, мавҷи танат якмаром бод.
Эй дар ҳиҷоб хоҳари ҳаҷрафтаам, биё,
Ҳаҷҷат қабулу нуру зиёат ба ком бод.
Эй дар ниқоб ҳамнафасу ҳамнишини ман,

пешина
аз 82
навбатӣ