Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Иблисхислатии ту маҳву тамом бод.
Эй ёрбоб, қасди шикори ту кардаам,
Аз номи ман бари туи хушрӯ салом бод.
Эй беҷавоб хоҳиши як шоири асил,
Дар мавҷ-мавҷи ҳарфи ту нури паём бод.
Эй духтари базеби Ватан, эй парии шеър,
Раънои ноб, ёри ту доим калом бод!
феврали 2009

ХЕШИ ҶАҲОНГИРАМ

Эй офтоб, хеши ҷаҳонгирам,
Ҳамзоди кабки кӯҳаму нахчирам,
Ёдам намеравад, ки ба тифлиям
Сар мезадӣ зи қуллаи Помирам.
Ҳамсояи қарини ту будам ман,
Ин сӯ фиканд қисмату тақдирам.
Дар шаҳри н-ошно надорам кас,
Ин ҷо ғарибу хаставу дилгирам.
Ҳар субҳ интизори ту астам ман,
Эй беҳтарин мухотаби тасвирам.
Дар хеш метапам чӣ заифона,
Гӯё қанотбаста ба занҷирам.
Пуште надорам ин тарафи дунё,
Пушту паноҳи ман бишав, эй пирам.

Бегонаам ба ҷамъи пареши шаҳр,
Зеро на огаҳанд зи тафсирам.
Дар мулки бекарона намеғунҷам,
Ман, ин мане, ки майдатар аз тирам.
Эй офтоб, чораву тадбирӣ,
Пуштам бишав чу хеши ҷаҳонгирам.

пешина
аз 82
навбатӣ