Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
феврали 2009
МУСОҲИБА БО ОФТОБ
Ман аз мусоҳиба бо офтоб фаҳмидам,
Ки улвиён ҳама бо хокиён хешонанд.
Ки улвиён ҳама бо мо қарину пайванданд,
Сахт дилбанданд,
Чу мому фарзанданд.
Ва низ фаҳмидам,
Ки офтоб зи меҳру шарори инсонӣ,
Чу баҳравар гардад,
Бануртар ва муҷаллову гармтар гардад.
Пас, эй ҳама мардум,
Зи баъди сӯҳбати мо,
Қаринтар бишавед,
Пур аз шарар бишавед.
Азизу ҳамдаму ҳомӣ,
Ба ҳамдигар бишавед,
Ба ҳамдигар бишавед!
июли 2004
ЗАНГИ БОРОН
ПИР, МУРИДАТ МАНАМ
(Ба ёди поки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ)
Боз зи нав ассалом, боз салом-ун-алайк,
Эй ҳамагӣ эҳтиром, боз салом-ун-алайк.
Эй ҳамагӣ қилу қол, эй ҳамагӣ завқу ҳол,
Эй ҳамагӣ бардавом, боз салом-ун-алайк.
Вахшии Балхии ман, Балхии Румии ман,
Румии гардунмақом, боз салом-ун-алайк.
«Маснавии маънавӣ» рукни низоми ман аст,
Эй ҳама назму низом, боз салом-ун-алайк.
Ишқи ҷаҳонгир ту, пири батадбир ту,
Ошиқи хуршедфом, боз салом-ун-алайк.
Кошифи асрор ту, ёр туӣ, ёр ту,
Дар ду ҷаҳони тамом, боз салом-ун-алайк.
Масти каломи туям, ошиқи номи туям,
Эй ҳамагӣ ному ном, боз салом-ун-алайк.
Исми туро гӯяму ком кунам шаҳдбор,
Шамъи шаби хосу ом, боз салом-ун-алайк.
Пир, муридат манам, насли ҷадидат манам,
Мешунавӣ ин паём? Боз салом-ун-алайк.
Духти мубориз манам, ишқмуҳофиз манам,
Аз мани Раънои хом боз салом-ун-алайк.
Эй ҳамагӣ зулҷалол, эй ҳамагӣ завқу ҳол,
Мавлавии хушкалом, боз салом-ун-алайк.
майи 2007

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё