Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз нигоҳи халқи шаҳр, аз лабону ҳалқи шаҳр,
Дудмону далқи шаҳр бӯи барф меояд.
Аз саломи сарди ман, аз паёми дарди ман,
Аз мароми марди ман бӯи барф меояд.
Хайр, фасли бишкуфтан, мавсими хуши гуфтан,
Меравам сӯи хуфтан, бӯи барф меояд.
Аз самои бепаҳно, аз сукути пурмаъно,
Аз таронаи Раъно бӯи барф меояд.
декабри 2008

ЧУ САНГ ОМАДАӢ

Қашанг рафта будӣ, ноқашанг омадаӣ,
Чу мум рафтиву з-он сӯ чу санг омадаӣ.
Куҷо шуд он ҳама рангинии худододат?
Ки бенамуду намоеву ранг омадаӣ.
Баҳанг будӣ, чӣ шуд ҳангу зӯру нерӯят?
Заифу бесарупо, ғайри ҳанг омадаӣ.
Паланг рафта будӣ, мисли гурба меоӣ,
Кӣ гуфт мисли палангу наҳанг омадаӣ?
Ба ин намуд намеомадӣ, накӯтар буд,
Диранг кардаму хуш бедиранг омадаӣ.
Чунин, ки сард шудӣ бо ман, эй рафиқи ҳаёт,
Киро ба макри фузуне ба чанг омадаӣ?
Зи ин намуди расидан расад нидои видоъ,
Ба ҷанг омадӣ, оре, ба ҷанг омадаӣ.
Вале ба ҷанг чу оӣ, чаро тани танҳо,

пешина
аз 82
навбатӣ