Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Сӯи Муборизи худ бе туфанг омадаӣ?!
марти 2006
ДАР ҶАВОБИ
БАРОДАРИ ҲАМҶАВОР
Дар боғҳои яхзада ҷорӣ шавад баҳор,
Лабрез аз садои қанорӣ шавад баҳор…
Эй фасли сурхи фоҷиа, коре макун, ки боз
Аз бешаҳои ташна фирорӣ шавад баҳор.
Муҳаммадсодиқи Исён, шоири афғон
Эй дӯст, ин баҳор баҳорӣ шавад баҳор,
Пур аз нидои шукргузорӣ шавад баҳор.
Пас аз саробҳои ҳазини шитозада,
Пурёсамину масту хуморӣ шавад баҳор.
Дар он канори Панҷ туро, ин тараф маро
Илҳомбахши ҳарфнигорӣ шавад баҳор.
Мо ҳарду хуб ранҷи зимистон кашидаем,
Аз ранҷҳои сохта орӣ шавад баҳор.
Ғамдида буд мулки туву ҳам диёри ман,
Ғам охир омаду пайи ёрӣ шавад баҳор.
Содиқ, ту, эй бародари исёнии азиз,
Осуда бош, дур зи хорӣ шавад баҳор.
Раънои ҳамҷавори мубориз бигӯядат:
Бар бешаҳои ғамзада ҷорӣ шавад баҳор!
феврали 2006
БО ОФТОБ МЕРАВӢ
Эй дӯст, меравию паноҳат ба Кирдигор,
Коре накун, ки боз наоӣ ба сад баҳор.
Коре накун, ки боз шавам ҳамнишини шаб,
Коре накун, ки сабр кунад аз дилам фирор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё