Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тарсам дигар, ки омаданат тӯл мекашад,
Тарсам дигар, ки мекуниям интизори зор.
Тарсам, чу соли дури кабиса ту баъд аз ин
То чанд сол боз наоӣ ба ин диёр.
Рафтан ба хайр, лек фаромӯши мо макун,
Аз дур ҳам чакомаи чашмам ба ёд ор.
Аз дур ҳам шунав ғазали меҳрбори ман,
Аз дур ҳам фирист маро заррае шарор.
Новақт меравию раҳат бод бехатар,
Коре накун, ки боз наоӣ ба сад баҳор.
Бо офтоб меравӣ, бо офтоб о,
То дидан, эй рафиқтарин фарди беғубор!
марти 2006

МУҲОФИЗИ ВАҲДАТ

Ҷанг бубин, ҷадал бубин, шӯр бубин, мағал бубин,
Доми бало кӣ барниҳод, оқибати ҳиял бубин.
Кӣ амали вабо намуд, пушт сӯи Худо намуд,
Душмани халқу миллатам халқи маро ҷудо намуд.
Фикри газанд сохт ӯ, сангару банд сохт ӯ,
Баҳри фанои тоҷикон саъйи дучанд сохт ӯ.
Ӯ кӣ буду куҷо рамид, пеши кӣ, бо киҳо рамид?
Ҷумла хароба карду рафт, дар бағалаш чиҳо рамид?
Хонаи гарми ман чӣ шуд, бистари нарми ман чӣ шуд?

пешина
аз 82
навбатӣ