Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ИШҚИ НАХУСТ

На офтобу на моҳу на ахтарони булӯр,
На зораҳову на зӯрӣ, на кибру кину ғурур.
На даштҳои дарозу на шебҳои фароз,
На рӯзҳои фарохӣ, на рӯзҳои футур.
На улфати ҳама ёрону не ҷаҳонгардӣ,
На беҳузурии шавқу на рӯзҳои ҳузур.
На рӯзаву на намозу на фитру не пас аз он,
На фикри рӯзи расанда, на фикри рафтаи дур.
На ҳамлу модариву банди гоҳвора шудан,
На хонумии бабахту ҳарамсарои банур.
На меҳрубонии шавҳар, на ному шӯҳрату шон,
На ҷилд-ҷилд китобу на панди санги сабур.
Туро зи ман натавон ронд, ёди ишқи нахуст,
Туро зи ман натавонад рабуд ҳеҷ зуҳур.
Ман охир ишқмаризу туӣ ҳавоболишт,
Чӣ гуна бе ту зиҳам, эй зи ҳар давоҳо зӯр?
Агарчӣ рӯзи вафотам, равӣ дами сакарот,
Ту боз дар дили ман зинда мешавӣ дар гӯр!
августи 2006

ХАТИ САРҲАД ЧӢ КУНАМ?
(Ба халқи бародари Афғонистон)

Чун ду ними хуши себем, биё,
Дур аз ҳам ба фиребем, биё.
Панҷ афтода миёни ману ту,
Бар фарозему ба шебем, биё.
Марзу сарҳад чӣ кунам, зори туям,

пешина
аз 82
навбатӣ