Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Мо зи дарё ба ниҳебем, биё.
Эй биё, гардани тоқат бишикан,
Аз чӣ босабру шикебем, биё.
Мову ту хешу табори азалӣ,
Ориёнасли базебем, биё.
Чун ду ними хуши себем, биё,
Дур аз ҳам ба фиребем, биё!
июли 2006
БОЯД БАҲОР ОЯД
Имрӯз бош бо ман, бояд баҳор ояд,
Ҳамроҳи лашкари ӯ бояд, ки ёр ояд.
Бояд мадор ояд, лутфу хумор ояд,
Шавқу шарор ояд, чун дар навор ояд.
Аз дур бо қатора бар шаҳри мо дубора
Имрӯз фавҷи ёрон бояд қатор ояд.
Имрӯз бояд, эй ҷон, баъди шикасти армон,
Танҳоии азимам бар як қарор ояд.
Имрӯз бояд аз дур, чун офтоби пурнур,
Як шаҳсавор ояд, аз як диёр ояд.
Бояд зи мулки мардум, сархайли хайли анҷум,
Он ғамбарор ояд, духтаршикор ояд.
Имрӯз бош бо ман, бояд баҳор ояд,
Ҳамроҳи лашкари ӯ бояд, ки ёр ояд.
феврали 2006
БА ЗОДГОҲИ БЕ МО САЛОМ
Эй бод, саломи ман ба кӯҳҳо бирасон,
Бар Хоруғи дилнавози бе мо бирасон.
Бар модари интизораму бар падарам,
Бар Чашмаи Носири мубарро бирасон.
Ҳарфи дилаки нафиси найсониро
То соҳилакони Ғунди зебо бирасон.
Лабрези нидояму нағунҷам дар худ,
Инро ба Сарези пурмуаммо бирасон.
Бар маҳфили шеъри дӯстонам аз ман
Падруду дуруди меҳрполо бирасон.
Аз шаҳри калон каломи ғарқи ҳавасам
Бар шаҳраки кӯчаки дилоро бирасон.
Бе такяи кӯҳ муборизиям кам шуд,
Ин роз ба гӯши Дашти Боло бирасон.
Мазмуни таронаи навамро, эй бод,
Бар хурду бузурги Боми Дунё бирасон.
Эй бод, саломи ман ба кӯҳҳо бирасон,
Бар Хоруғи дилнавози бе мо бирасон.
Оре, оре, саломи пазмониро
Бар зодгаҳи азизи Раъно бирасон.
июни 2006
БА МАҲАЛГАРОЕ
Дунёи маҳалгароият пирам кард,
Дилмондаи зиндагиву тақдирам кард.
Ҳарфи ғалатат чунон ғалат уфтодам,
К-андешакунон бурун зи Помирам кард.
Нахчирнафас будам ба кӯҳҳои баланд,
Сайёдии ту ҷудо зи нахчирам кард.
Ҳар лаҳза ту қасди маҳви ман месозӣ,
Ҳар лаҳзаи ту дучори тазвирам кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё