Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дигар забони ғаминам дигар-дигар накунад.
Туро хабарбари тӯи арӯсиам ҳатто
Ба тӯи ҳафтаи ояндаам хабар накунад!
марти 2006

ХОҲИШ
На аз самои баландат ситора мехоҳам,
На аз ду чашми кабудат шарора мехоҳам.
На аз вуҷуди ғании ту, эй шаҳи хубон,
Шунидани сухани пора-пора мехоҳам.
На озимам, ки ҳамора равам ба хилвати ту,
На омадан-т ба наздам дубора мехоҳам.
Пиёда сӯи ту рафтам, пиёда омадаам,
Туро, валек шаҳи ман, савора мехоҳам.
Чи ҷои руст шудан пушти шишаи мошин,
Туро намои хуши ошкора мехоҳам.
Надидаам зи ту чизе ба ҷуз ғаму андӯҳ,
Туро, валек, на зорӣ, на зора мехоҳам.
Нахоҳаме ивази он дилам зи ту чизе,
На аз ту хонаву ҷуброну чора мехоҳам.
На хоҳамат, ки биёиву зиндаам бикунӣ,
На қатли хеш ба дастат дубора мехоҳам.
Фақат гузор, ки бошам ба гӯшае ором,
Дигар на гӯшиву не гӯшвора мехоҳам.
Нахоҳаме ивази он дилам зи ту чизе,
На аз ту фоизи қарзу на чора мехоҳам!
марти 2006

ЭЙ ТО ФАЛАК ФАРОШУДА

Эй то фалак, фарошуда, як дам биё, фаро,
Аз ҳастиям ҷудошуда олам биё, фаро.

пешина
аз 82
навбатӣ