Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Эҳё намо дубора равони равони ман,
Эй Исӣ ибни олиҳа Марям, биё, фаро.
Эй ёри рафта, н-омада дигар ба хилватам,
Баҳри Худо, ба хилвати пурғам, биё, фаро.
Рафтиву кам шудам ҳама рӯзу ҳама шабон,
Эй барзиёдгар, сӯи ин кам, биё, фаро.
Эй лаъми оташ, аз аташи дил ба оташам,
Эй чакрае зи чашмаи Замзам биё, фаро.
Ҳатто зи савти Аҳмади Зоҳир буридаам,
Ин мурдан аст, ҳамсари беғам, биё, фаро.
Хуршеди ман, зи бистари абри гузар бихез,
Тобанда пеши қатраи шабнам, биё, фаро.
Поёни ҳар ситез бувад оши оштӣ,
Оши наҳори ман ба гаҳи дам биё, фаро.
Эй то фалак фарошуда одам, биё, фаро,
Эй Исӣ ибни олиҳа Марям, биё, фаро.
июни 2006
ЭЙ ЁР, ЁРТАР ШАВ
Эй ёр, ёртар шав, зебоканортар шав,
Эй фасли навбаҳорам, андак баҳортар шав.
Эй ҳастии дуруштам, тарҳи рухат дигар кун,
Меъёрҳо дигар шуд, андак нигортар шав.
Эй ишқ, ки саворӣ бар ин дили маҳинам,
Хуш бош, бош роҳат, бар дил савортар шав.
Чун, бори ишқ, дорӣ вазнинии гуворо,
Бар ҷони нозуки ман, эй бор, бортар шав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё