Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Вале сӯи касе, ки нӯшбахш аст,
Туро бо неш рафтан маслиҳат нест.
Туро, Раънои сода, баъди ин шеър,
Сӯи ҳар меш рафтан маслиҳат нест!
декабри 2007
БИЁ, СОДА ШАВЕМ
Содагӣ ҳадди бузургист, биё, сода шавем,
Аз мураккаб гузару одиву озода шавем.
Маст аз бода шудан нест ягон кори аҷиб,
Мо, биё, маст зи бодом, на аз бода шавем.
Даргузар аз ҳама сӯзандагиву маҳвкунӣ,
То ба эҷоду ба созандагие дода шавем.
Чун муаммо ба манӣ, ман ба туям сарбаста,
Бар рухи ҳам, ту биё, чун дари бикшода шавем.
Ориёнасл будан маънии олӣ дорад,
Мо асилему биё, покнасабзода шавем.
Нурандуда шавад кишвари мо аз ваҳдат,
Пас, биё, нурфизоёни ҳамин ҷода шавем.
Охируламр гузаргоҳст агар пули сирот,
Мо аз имрӯз, биё, бар гузар омода шавем.
Содагӣ ҳадди бузургист, биё, сода шавем,
Бар рухи ҳам, ту биё, чун дари бикшода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё