Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

шавем.
марти 2005

ОФТОБ, ЭЙ БАРОДАРИ АБАДӢ

Офтоб, эй либоси нодорон,
Бетамаъ сарпарасти ҳар даврон.

Бе ягон шартнома барқ диҳӣ
Бар замини зи тирагӣ ҳайрон.

Хастаам аз фиреби додугирифт,
Музтарам аз ҳисобу аз ҷуброн.

Юсуфам бо чунин бародарҳо,
Эй бародартарин бародарҷон.

Ин чӣ даврест, даври аҷзу ниёз,
Аз кӣ имкон биҷӯяму имон?

Аз замин файз рахти худ барчид,
Шояд аз баъди ҷанги ҳамзодон.

Мисли он ки зи куштани Сӯҳроб
Рустами гурдро шикаст миён.

Офтоб, эй бародари абадӣ,
Кони лутфу саховату эҳсон.

Дар замоне, ки хеши шайтон аст,
Як туӣ раҳнавард бо Раҳмон!
феврали 2009
МАВСИМИ МУҲАББАТ

НАКҲАТИ НАВРӮЗ

Эй дӯст, биё, накҳати Наврӯз расида,
Бо сабзаву бо савсани зардӯз расида.
Шаҳбаччаи Наврӯзи аҷам-шеди ҳумоюн,
Бо нури худододи шабафрӯз расида,
Ҳай сафдари пурнури балосӯз расида.

Дар хона нишастан дигар аз ақл бурун аст,
Маҳруми тамошо бишавад, ҳар ки дарун аст.
Эй ёри зимистонии дар хеш нуҳуфта,
Бечунучаро ою нигар омада чун аст,
Сардию сукуту аламу яъс нагун аст.

Эй ҳамватанон, омади имрӯз муборак,
Имрӯзи ҳумоюни ҷафосӯз муборак.
Эй бохабар аз асли худу насли накӯят,
Навсоли ниёгони худомӯз муборак,
Наврӯзи саропо шарарандӯз муборак!
марти 2006

САНГИ ЗИНДА

Нодида наям, рафиқ, нодида наям,
Нодидаи санги аз раҳам барчида.
Зеро ки ба умри худ мани помирӣ,

пешина
аз 82
навбатӣ