Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз даргаҳи поки Ҳақтаъоло,
Бо амри Худо калом омад.
Эй дӯст, паёми хуш муборак!
Эй дӯст, каломи хуш муборак!

Шом омаду мавҷи нур омад,
Он нур зи бурҷи дур омад.
Бо он нафаси ҳаётбахшаш,
Биноӣ ба чашми кӯр омад.
Эй дӯст, мубораки каромат!
Эй дӯст, мубораки саховат!

Шом омаду шоми ту саҳар шуд,
Зулмат зи ҳаёти ту бадар шуд.
Аз баъди асорати зиёде,
Маънои ҳаёти ту дигар шуд.
Эй дӯст, ба хайр субҳи шево!
Эй дӯст, ба хайр субҳи зебо!

Шом омаду рӯшанӣ нумӯъ кард,
Хуршед зи Мағрибат тулӯъ кард.
Он набзи зи кор мондаи ту,
Эҳё шуду бар задан шурӯъ кард.
Эй дӯст, тулӯи нав муборак!
Эй дӯст, нумӯи нав муборак!
майи 1995

ТАРОНАИ ДИДОР

Оҳ, ин чи дидори хуше, шайдо шудам, шайдо шудам,
Хобам ва ё бедор ман, оҷиз будам, бино шудам.
Нотиқ набудам то кунун, ҳай булбули гӯё шудам,
Оҳ, ин чи ишқе буд, ки дар ҳоли вовайло шудам.
Сисола ҳастам ё ки нав тавлид дар дунё шудам?!
Ё як замоне будаму акнун зи нав эҳё шудам?
Соҳир туӣ к-аз сеҳри ту якборагӣ зебо шудам,
Моҳир туӣ, к-аз меҳри ту дарё шудам, дарё шудам.
Шоир туӣ, к-аз шеъри ту доно шудам, Раъно шудам.
Ин сон ҷамолат хушнамо, ман об сартопо шудам,
Оҳ, ин чи дидоре, ки ман саршор аз маъно шудам,
Оре, туӣ Шамси Замон, ман мисли Мавлоно шудам!
майи 1995
БА ПАНҶРӮД ДУРУД

Бигӯ зи номи ман, эй дил, ба Панҷрӯд дуруд,
Бигӯ ба олами шеъри хушу суруд дуруд.
Ба рӯҳи зиндаи султони шоирони аҷам,
Ба аҳли фазлу маонии беҳудуд дуруд.
Ба остони бузурге зи остонаи ман,
Ба мулки сабзи найу чангу созу уд дуруд.
Ба рӯдбори Уреҷаш саломи ман бирасон,
Ба Булбулони баланди макони ҷуд дуруд.
Бигӯ ба шоири бинотарини ҳарду ҷаҳон
Зи як мусофири дунёи шеъри рӯд дуруд.
Бигӯ, ки теғи рақибат шикаст охири кор,
Бигӯ, ки меҳри ту бо халқ боду буд , дуруд.

пешина
аз 82
навбатӣ