Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман бароят роз гӯям, рози садбаргии боз.
Ҳар қадар, ки бениёзам кардаӣ бо ишқи худ,
Ман ба сӯят рӯй орам, боз ҳам рӯи ниёз.

Нӯҳ табақ гардун бигардам бо хаёли ишқи ту,
Гарчи бо ман дар заминӣ, эй ту хуршеди замин.
Ончунон шоир шудам аз ишқ дар синни камам,
Ончунон ки буд Мавлоно зи ишқи Шамси дин!
августи 2005

ТУ ЁСАМИНӢ

Ту ёсамин гули манӣ, ту ёсаминӣ,
Агарчи осмониӣ, гули заминӣ.
Ситора рӯшанӣ диҳад ба он фурӯғаш,
Ба нури кибриёият ту ҳам чунинӣ.
Ту бо малак анисиву зи хокиён дур,
Хушо ба ҳоли он, ки ту ба он қаринӣ.
Чи дери дер омадӣ аз осмонҳо,
Ба маҳ, ки ҳамнишин будӣ, чи маҳҷабинӣ.
Ҳазор нозанин агар ба шаҳри ман аст,
Зи ҳар банури нозанин ту нозанинӣ.
Дигар касон зи кас баранд сабру тамкин,
Ту дилбариву дилрабо, ту дилнишинӣ.
Ба шаҳри сабзи ишқи ман, ба тахти бахтам,
Набудӣ гарчи аввалин, ту охиринӣ!
августи 2005

НАФАСИ ҲАЁТБАХШ

Шом омаду хуш паём омад,
Аз ёр ба мо салом омад.

пешина
аз 82
навбатӣ