Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Дар ин шаҳри пур аз савдо ҳама ҷуфту ҳама якҷо,
Миёни ин ҳама якҷо гули танҳои шаб ҳастам.
Баҳоровояму ин шаҳр асли навбаҳоре аст,
Надонам пас чаро ман бетарона бесабаб ҳастам.
Дигар роҳе намепӯям, дигар шеъре намегӯям,
Қарин ҳарчанд дар ин шаҳр бо аҳли адаб ҳастам.
Деҳи кӯҳии ман, боре маро бар ёд меорӣ?!
Ман аз ёдовариҳоят фақат мӯҳтоҷи ҳаб ҳастам.
Ту, эй дарё, чӣ медонӣ, ки ман дарёнасаб ҳастам,
Ту, эй Раъно, чӣ медонӣ ба ёди кӣ ба таб ҳастам!
августи 2005
БА ҶАВОНИ РАҲГУЗАРЕ
Ту зи аҳли улвиёнӣ, ту вале чаро аёнӣ?
Аҷаб орази ту зебо, ба сиришт ҳам чунонӣ?
Зи куҷоӣ, ай мусофир, ба чӣ самти хуш равонӣ?
Зи чӣ даҳри пурмуаммо, зи чӣ кишвари замонӣ?
Зи чӣ олами муборак, зи чӣ гӯшаи ниҳонӣ?
Нигаҳат чӣ сеҳр дорад, ту магар зи соҳиронӣ?
Ҳама асли ту куҷоӣ? Зи ҷаҳони ошиқонӣ?
Зи чи хуш табор ҳастӣ, ту чу ман намозхонӣ?
Ба ту лаҳҷаам аҷаб аст, ту шигифти ин забонӣ?
Магар аз дигар диёрӣ, магарам ту меҳмонӣ?
Зи Худо умед дорам, ки макини ин маконӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё