Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Зи само мадад бипурсам, ки ба ман ту ҳамҷаҳонӣ.
Зи куҷоӣ, ай мусофир, ба чӣ самти хуш равонӣ?
Дили ман хариданиӣ, ту чӣ тоҷири калонӣ!
майи 1995
ҲАРЧАНД ОТАШАМ МАН
Чун рӯди кӯҳии худ пуршӯру саркашам ман,
Як пора лаъли зебо, оташ чу оташам ман.
Эй дӯст, эй бародар, эй ҳамнишину ҳамбар,
Бо ин ҳама фурӯғам ҳоло на беғашам ман.
Ҳоло на анварам ман, не лахти ахгарам ман,
Не ахтари фурӯзон, не духти маҳвашам ман.
Зеро ки лаъли кӯҳӣ дар даст лаъл гардад,
Бе коркарди дастат кай зеби баркашам ман.
Як пора лаъли зебо, Раънои оташам ман,
Бе коркарди дастат кай зеби баркашам ман?!
августи 2005
ТУ, ЭЙ ХЕШИ ҲУРМУЗ
Саломат саломи яҳудист1, эй дӯст,
Чунин тунд оӣ, сабаб чист, эй дӯст?
Ба қатлам бикӯшӣ, чи азми дуруште,
Ҳувайдо муродат ба зудист, эй дӯст.
Ба шавқи фурӯзон ту маргам бихоҳӣ,
1 Гӯянд, ки замоне яҳудиёнро одат ин буд, ки дар вақти салом додан ба муслимин ба ҷои “Ассалом!”, мегуфтанд “Ассом!”, яъне “Марг бар шумо!”. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба муслимин фармуд: Чун шунидед “Ассом!”, бигӯед “Алайкум!”, яъне “Бар худи шумо!”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё