Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Туро, эй шери дар занҷир, умре дӯст медорам.
Туро, эй баччаи Помир, умре дӯст медорам,
Туро, эй додаи тақдир, умре дӯст медорам.
августи 2005

ТАМАННО

Кош аз аҷроми улвӣ мебудам,
Ҳамнишине бо Аторуду Қамар.
Мерасидам то ба Шамсу Муштарӣ,
То ба Миррих, то ба Зӯҳрову Зуҳал.

Кош мешуд ҳамдамам ҳар шомгоҳ,
Шамс, баъди рӯзгардию висол.
Об мекард ин дили сарди маро,
Ин дили яхбаста чун Қутби Шимол.

К-ин дили ман, ин дили сармозада,
Шеваи гармӣ зи хотир бурдааст.
Бо ҳама дил буданаш дил нест ин,
Беҳарорат, бенавою мурдааст.

Кош, ай кош, аз кавокиб мебудам,
Чун ситора кош ҷолиб мебудам.
Ман зи беҷазбии хуб бемухлисам,
Кош ҷозиб, кош ҷозиб мебудам!
майи 2005

АНДЕШАЕ ПЕШ АЗ ДИДОР

Бовар намекунам, ки аз он нури поки ту,
Бо ин қадар гуноҳу хато баҳравар шавам.
Бовар намекунам, ки зи дидордидаҳо,
Бо ин ҳама заифии худ як нафар шавам.
Андеша мекунам зи қудуми муборакат
Сели сиришк бораму чун баҳру бар шавам.

Шоир шавам, қасам ба рухат, шоири асил,
Ноил ба дидани руху нурат агар шавам.
Яъне зи партгоҳи аҷал бо василаат,
Дунё шигифт монаду осон забар шавам.
Бовар намекунам, ки ба покиву ростӣ,
Исботкори хеш ба кулли башар шавам.
Ҷуръат намекунам мани кӯчак ба даъватат,
Ларзад дилам, зи ларзаи худ сусттар шавам.
Бар омади саиди ту бовар намекунам,
Дар баҳри фикри хеш фурӯ ҳар қадар шавам.
майи 1995

НАЁ, АСИР МЕШАВӢ

Агарчӣ сокини абад ту дар замир мешавӣ,
Ба бурдани дилам наё, ки дастгир мешавӣ.
Ки гаштаам муҳосира ба қалъаи азими рашк,
Ба дасти посбони ман, яқин асир мешавӣ.
Ту, эй туи мунири ман, туи хатарпазири ман,
Наё, ки рӯ ба рӯ ба қатли ногузир мешавӣ.
Маро ба зӯри дастҳо ба қалъа кардаанд ҷо,
Кабири ман, ба дасти қотилон ҳақир мешавӣ.
Зи дуриҳои дури худ, ба он фару ғурури худ,
Барои ман зиёд аз ҳама мунир мешавӣ.
Амиру мири ман туӣ, шаҳу вазири ман туӣ,

пешина
аз 82
навбатӣ