Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агарчи умрҳо равад, агарчӣ пир мешавӣ.
Вале наё ҳузури ман, бимон ту дур, дури ман,
Наё, ки рӯ ба рӯ ба қатли ногузир мешавӣ.
августи 2005

НАМЕДОНӢ, НАМЕДОНӢ

Ту, эй Заҳҳоктинат, армаилиро намедонӣ,
Ту, эй Заҳҳоксират, кармаилиро намедонӣ.
Чи сон Кова ҷигарпораст баҳри шаҳписарҳояш,
Намедонӣ, зибас ҳаргиз залилиро намедонӣ.
Ба ҳар кас кордорӣ ту, зибаски хордорӣ ту,
Чаро ки ҳеҷ дар дунё ҷалилиро намедонӣ.
Маро гуфтӣ: чаро Раъно ҷавоби ҳарфи бемаъно
Сазоеро намехоҳӣ, бахилиро намедонӣ?
Чи гӯям бар суоли ту, ба ҳарфи пурвуболи ту?
Чу ту оҳанги зебои асилиро намедонӣ.
Ҳазорон беғуборонро ғуборолуд месозӣ,
Зибаски ҳусну маънии ҷамилиро намедонӣ.
Фаронак бо Фаридунаш, Худо хоҳад, расад аз роҳ,
Ту асрори илоҳиву халилиро намедонӣ.
Дамованд интизори туст, он анҷоми кори туст,
Ту анҷоми касифию разилиро намедонӣ.
Ҷалилиро намедонӣ, ҷамилиро намедонӣ,
Чу ҳаргиз армаилӣ, кармаилиро намедонӣ!
августи 2005

ИШҚИ ПОКИ МАКТАБӢ

пешина
аз 82
навбатӣ