Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дилам, ки хост зиндагии одамӣ,
Чи саҳв кард.

Парандаҳои безабон,
Парандаҳои ҷон,
Усули маҷлиси шумо
Ба ман хуш аст.
Нишастатон чи сода асту дилкаш аст.
Дар фазои дилкушо,
Дар миёни боғҳо.

Парандаҳои безиён,
Парандаҳои ҷон,
Раҳам диҳед
Узви маҷлису раёсати шумо шавам
Ва ҳамсиёсати шумо шавам.
Бас аст одамии ман дигар, бас аст,
Ки оқибат дар ин қафас
Хазанда мешавам.
Бас аст, хайр одамон, хайр,
Паранда мешавам дигар, паранда мешавам!
майи 2004

ЭЙ ШАҲР

Рӯи ман музофотӣ,
Мӯи ман музофотӣ,
Бӯи ман музофотӣ,
Ишқи ман, умеди ман,
Шӯи ман музофотӣ.
Омадам ба сӯи ту,
Нобалад ба рӯи ту,
Нобалад ба бӯи ту,
Аз шунидаҳоям буд,
Ки васест кӯи ту.

Узр, шаҳри ишқошӯб,
З-ин вуҷуди номатлуб,
З-ин падидаи нохуб,
З-ин расидани хира,
З-ин намуду ин услуб.

То туям ғазал овард,
Тангии маҳал овард,
Ҳолати дағал овард,
Бо умеди бишкуфтан
Кӯшишу ҷадал овард.

Аз яке хароботе,
Аз яке музофоте,
Омадам, вале бар ту
Омадан мукофоте?
Ё яке муҷозоте?
сентябри 2003

РАХТИ САФАР

Дарвозаро бибанду бигӯ бар ҳар омада
Дар ин маҳалла нест дигар он, ки дӯш буд.
Рафта аз ин макон ба маконе фарохтар
Духти муборизе, ки саропо сурӯш буд.
Оре, макони танг на ҷавлонгаҳи ман аст,

пешина
аз 82
навбатӣ