Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Мебоядам ба шаҳри пур аз шӯр рахт баст.
Дар байни чор кӯҳи ба хоби гарон фурӯ
Будан барои чун мани бедор сахт аст.
Дар ин диёр, дар ҳарами маҳбасии худ
Ман занг баста, зангзада хӯрда мешавам.
Зери фишори сояи кӯҳҳои тирасар
Озурда мешавам, бахудо, мурда мешавам.
Ман меравам, бимон ту ва ё ҳарду меравем,
Дарвозаро ба рӯи ҳама банд, банд, банд.
Шаҳри калон бибоядаму ҷодаи васеъ,
Ин ҷой монда мурда будан боз чанд, чанд?
августи 2002
ХОСТАНИ АБАС
Мехостам баҳор шавам дар канори ту,
Лабрези баргу бор шавам дар канори ту.
Ваҳҳоби Муҷир
Мехостам, нигор шавам дар диёри ту,
Ҳамшеваи ҳазор шавам дар диёри ту.
Ҳамзоди навбаҳораму ҳамроҳи як баҳор
Мехостам баҳор шавам дар диёри ту.
Аз зери тӯри шарм ва тӯри ҳарири худ
Сомеи «Ёр-ёр» шавам дар диёри ту.
Бемеҳри ман, нашуд ҳама ин, лек ман ҳанӯз
Хоҳам гули анор шавам дар диёри ту.
Пайку паёми тирамаҳам даррасид, лек
Хоҳам, ки гулнисор шавам дар диёри ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё