Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чашм бикшову нигар
Асри наве оғозид,
Асри ҷавлонгаҳи ман.

Оҳ, Раънои куҳан,
Бас дигар ҳарзаи ту.
Гӯш кун, шеъри нават мегӯям,
Шеър, ки шеър аст он,
Шеъри зебо чу гули кӯҳистон.
То чунон маст шавӣ, паст шавӣ,
Пас фитода ту аз он шаст шавӣ.
То ки иқрор шуда баргӯӣ:
Оре, оре, оре, ин чӣ ширин гӯяд,
Мон, ки ман бас кунаму ин гӯяд!
июли 2004
НА ХАЙРУ НА САЛОМ

Меравам дӯст, на хайру на салом,
Не шурӯъ шуд сухани ман, на тамом.
Не шудам шоиру не ношоир,
Шеъри ман буд на гоҳе, на мудом.

Бас дигар гуфтани ман, будани ман,
Бас дигар гуфтану н-осудани ман.
Бас дигар сардии ҳамвораи ту,
Бас дигар кӯшиши афзудани ман.
январи 2004

ЭЙ СУБҲИ ФАРОРАСИДА
Эй субҳи фарорасида, хуш бош,
Аз шом ҷафокашида, хуш бош.
Аз баъди талошҳои афзун,
Аз зулмати шаб раҳида, хуш бош.
Саршори насими анбаринӣ,
Эй накҳати нав шамида, хуш бош.
Бо марҳамати накӯи ваҳдат
Хушрӯву накӯдамида, хуш бош.
Дар мулки азизи ман амонист,
Меҳмони диливу дида, хуш бош.
Дар кишвари сабзи ваҳдатобод,
Эй тозатарин падида, хуш бош.
Сӯям нигарӣ чу ошное,
Эй номи маро шунида, хуш бош.
Эй субҳи фарорасида, хуш бош,
Эй номи маро шунида, хуш бош!
сентябри 2000

пешина
аз 82
навбатӣ