Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
МУҲАББАТ
Ба монанди замини норасида
Гили хомӯш будам, сард будам.
Ки сурат дидаву сират надида,
Ба сӯзу дарди кас бедард будам.
Намедидам чи сон себарга меруст,
Ба рӯи дашту дар домони кӯҳсор.
Намедидам чи сон хуршед мешуст,
Танаш дар оби раҳмат ҳамчу бемор.
Ба рӯзи сахти худ хандидам он рӯз,
Ҷавони худсару худрой будам.
Надонистам, ки толеъ чисту қисмат,
«Аҷаб хушбахту рӯҳафзой будам.
Чу манзилгоҳи бекас монда будам,
На дуде на чароғе доштам ман.
Муҳаббат шӯълае зад дар вуҷудам,
Ба дил сӯзу гудоз анбоштам ман.
Замин сабзу само нилуфарӣ буд,
Табиат ҳамсадо шуд бо дили ман.
Мисоли сабзруде мехурӯшам,
Замину осмон - ду соҳили ман.
Ҳавои кӯдакӣ ҷӯям баҳорон,
Ба рӯи одамон бекина хандам.
Гурезам боз аз мактаб ба саҳро,
Барои духтарон гултоқӣ бандам.
Нигоҳи меҳрубоне ҷӯям имрӯз,
Сари девори ӯ то лола бошам.
Зи нав дар сина ҷӯшад орзуям,
Ки дигарбора ҳаждаҳсола бошам.
Ба истиқболи мурғони баҳорӣ
Ҳамехонам суруди ошиқона.
Ҳамесӯзам ба мисли мурғи оташ,
Ки аз ишқу ту монад ин фасона.
Баҳор, эй гулбаҳори зиндагонӣ,
Баҳори ишқу умеду амонӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё