Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШАБИ СОЛИ НАВ

Дӯстон, дар сари ин дастурхон
Боз дар соли дигар бода хурем,
Боз бошем ҷавонбахт ҳама,
Гар бувад ғам, ғами дилдода хурем.

Духтарон ҷилвакунон рақс кунанд,
Хуррам аз ҳусни сафопарвари худ.
Ҳар санам ноз кунад, фахр кунад,
Боз бо ёри баландахтари худ.

Ҳайф бошад, ки дар ин шаб ёре
Дари дил баста нишинад хомӯш.
Дӯстон, ҳеҷ ба дил ғам нарасад
Қуфли дилҳо шиканад бонги «бинӯш».

Дилбаре гар ба ту тақдир накард,
Шод бошад ба ҳамон дилхоҳаш.

Ҳар кас аз бахт умеде дорад,
Макун, эй дӯст, забонкӯтоҳаш.

Гоҳ дилбохтагон мемонанд,
Ба кӣ тақдир кунад меравад ӯ,
Гаҳ яке кошт, дигар медаравад,
Ишқ бахтест чунин шӯъбадахӯ.

Ошиқ аст он, ки ҷавонмард бувад,
3-ӯ дилу дида нигаҳ, дор, рафиқ,
Боз бекина нигаҳ, кун ба рухаш,
Дил ба каф ҳамчу қадаҳ дор, рафиқ!

Бода нӯшем, ки то соли дигар
Равад аз ёди ту дилсахтии ӯ.
Бода нӯшем ба сарсабзии ту,
Бода нӯшем ба хушбахтии ӯ.

пешина
аз 44
навбатӣ