Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
НИДОИ ИШҚ
Ду тан андар зиндагӣ як бор ҳамдил мешавад, Ду дил аз сӯзи муҳаббат як замон хун мешавад.
Моҳ бар сӯи замин ҳар сол моил мешавад, Ду нигоҳ бо ҳамдигар як бор мафтун мешавад.
Кист он носӯхта дар кӯҳи ишқи бебарор,
Кист он дар зиндагӣ беҳуда дил нобохта?
Дар ғами шӯхи сияҳчашме нагашта дилфигор,
Кист он дар рӯи қоғаз мисрае пардохта?!
Чун ба чашмонат нигаҳ кардам қалам омад ба даст, Лоиқи ишқи ту танҳо буд гӯё ин ҳунар.
Оташи дилро фақат шеъру ғазал мекард паст, Менишастам дар сари тасвири ҳуснат то саҳар.
Гар кушандам, ки туро, танҳо туро мехостам,
Ғунчаҳои боғи мову ту вале нашукуфта монд.
Балки дар як гӯшаи қалби ту маскан доштам,
Розҳои мо бо ҳамдигар вале ногуфта монд?
Ошиқонро худписандӣ мекунад беъэтибор,
Бахти моро он ғурури саркаши тифлона баст.
Ҳар ду бар дур роҳ рафтему гузашт он рӯзғор,
Аз ҳавои мухолиф тори меҳри мо гусаст.
Ҳар касе ҳамдасту ҳар хушбахт гар ёрат шавад, Ту сазовори фидо созад ба роҳат ҷону тан.
Дар раҳи пасту баланди умр ғамхорат шавад, Дӯст дорад, сер ногашта зи рӯят, мисли ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё