Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ЧАШМҲОЯТ
Ёди ту рӯзу шабон дар сари ман мерақсад,
Барқи чашмони ту дар соғари ман мерақсад.
Чашми ту аз гулу аз ахтару аз оби равон
Ҳар шабе дар сари ман, дилбари ман мерақсад.
Мӯи нобофта дар гирди сарат чанбар буд,
Қадди ларзони ту дар нозу адо дигар буд.
Чун баҳор аз қадамат хонаи ман гул мекард,
Ҳар қадам, ҳар сухану ҳар нигоҳат дилбар буд.
Чун гиёҳи сари роҳат зи назар афтодам,
Лек ман кай зи паи фикри дигар афтодам?
Қавли ман буд якеву дили ман буд яке
Сустаҳдии ту шуд ҳаҷр ба cap афтодам.
Боз мағрур ту аз пеши назар мегузарӣ,
Боз дар базм ту дар як қадамам мешуморӣ.
Боз мерақсию ҳар дам сари ман чарх занад,
Ту ба чашмони пур аз роҳ ба ман менигарӣ.
Ҳар сари сол гар аз нав чу гиёҳ мерустам,
Рӯи гарму нафаси поки туро меҷустам.
Гар диле дораму в-ар дидаи меҳрафшоне,
Боз аз меҳру вафо дастагуле мебастам.
Як замон бозии чашми дил афрӯхт маро,
Як замон дору мадори ту басо сӯхт маро.
Боз ман силсилаҷунбони вафодоронам,
Меҳри поки ту, гуло, кина наомӯхт маро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё