Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ШИКВА
Дили пурҳасрате чун ҷоми лабрез,
Ду чашмоне нимапӯши дардангез.
Басо аз ҳамнишинон шикваат буд,
Вале аз худ набудат шиква ҳаргиз.
Ту мегуфтӣ, ки чашми бахт кӯр аст,
Ки қисмат баҳру оби баҳр шӯр аст,
Ту мегуфтӣ, зани зебост бебахт,
Агарчӣ дар малоҳат ҳамчу ҳур аст...
Кунун ҳар мард пешат нописанд аст,
Ҳама дунё дурӯғу макру фанд аст.
Машав навмед аз ноомади бахт,
Ки инсон бо умеди худ баланд аст.
Гуло, онон, ки бо ту ёр буданд,
Зи лутфат ҷумла бархурдор буданд,
Ба ту ошиқ набуданд аз дилу ҷон,
Ба ном ошиқ, ва ё хушдор буданд.
Машав ранҷидахотир ҳаргиз, эй гул,
Машав дилсард охир ҳаргиз, эй гул.
Ба чашми дил бубин он бедилонро,
Машав мафтуни зоҳир ҳаргиз, эй гул,
Ба дунё мардуме, ки некбинанд,
Зи гулзори сари раҳ гул начинанд.
Агар дар роҳ гул не, бахт рӯяд,
Яқин дар сояи он кам нишинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё