Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

СУРУДИ ДУХТАРИ НОШИНОС

Дар канори рӯди кӯҳӣ месарояд духтаре,
Аз чудоӣ шикваҳо бо оби дарё мекунад.
Месарояд ӯ суруди кӯҳнаи ҳузноваре,
Нолаҳо аз дасти ишқи номуросо мекунад.

Кӯҳ хомӯш асту соҳилҳои дарё ҳам хомӯш,
Масарояд аз ҷафои ишқ навдилдодае.
Дар дили торики шаб гулдухтари имдодҷӯ
Нолаҳо дорад зи ҳаҷри ёри дурафтодае.

Ишқи ӯ дар сина чун гирдоб мепечад ба худ,
Ёди ёр аст он, ки андар дил талотум мекунад.
Бар дили ҳар санг асар дорад ниёишҳои ӯ,
Савти рӯҳафзош ҳатто сангро мум мекунад.

Аз кучоӣ, кистӣ, дар ин шаби касношинос?
Ҳар касе бошӣ барои ман сурудат ошно.
Зарбаҳои қалби худ бишнохтам з-овози ту,
Бо дили дардошнои ту дилам шуд ҳамсадо...

Дар сари хирман шабонгоҳон мани дилбохта,
Месурудам, ҷӯр мегаштанд бо ман рӯдҳо
Месурудам ман суруди ошиқони дарднок,
Он суруде, ки ба аҳли дард будаст ошно.

Мисли ту гум кардам ман ҳам нахустин ёри худ,
Ёфтам ман аз суруди ту нишонашро кунун.
Бо ҳама дарду азобу содагиву сӯзу соз
Ишқи аввал шуд маро дар зиндагонӣ раҳнамун.

пешина
аз 44
навбатӣ