Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР БАЗМ

Ҳамерақсӣ ба сози ёри дигар,
Кунун мафтунӣ аз дидори дигар.

Чу кафтар ҳар тараф пар мезанӣ ту,
Ба пои нокасон cap мезанӣ ту.

Чаро умеди ман дар дил шикастӣ?
Чаро ту чашми рӯзи ман бубастӣ?

Нанолам, дарди ман нолиданӣ нест,
Ки мардонро ба ҳар ғам шеване нест.

Агар нолидам, аз дарде бинолам,
Сазад бо ман бинолад ҳалқи олам.

Кунун хандам, бихандад кӯҳ бо ман,
Бихандад даҳр беандӯҳ бо ман.

БАЗМ
Ман ин бода нӯшам ба ёди гуле,
Ки бо ӯ маро хотир осуда аст.
Агарчӣ дар ин ҷо надорад, ҳузур,
Хаёлаш фараҳ дар дил афзудааст.

Бинӯшам ба ёди ҳамон нозанин,
Ки бо ӯ басе шоду ғамгин будам.
Гаҳе худнамову гаҳе хурдагир,
Гаҳе беш аз ҳад батамкин будам.

Ман ин арғувони қадаҳро тамом
Бинӯшам ба ёди ҳамон дӯстдор,
Ки бо ман ҳама ҷо дилаш хуш бувад,
Ба роҳам ҳама шаб бувад интизор.

Ман ин бода нӯшам барои гуле,
Ки ӯ ҳар ғамамро ба ҳам дидааст,
Вале рӯзи шодиву дилҷӯиҳо
На ҳар гоҳ андар канорам нишаст.

Ман ин бода нӯшам барои гуле,
Ки ӯ дар муҳаббат фидокор монд.
Ҳамеша ба рӯям бихандид ӯ,
Ҳамеша ба меҳраш вафодор монд.

пешина
аз 44
навбатӣ