Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
НАДОМАТ
Нарав, эй ёр нарав, аз дилам умед мабар,
Гӯш кун бар суханам, даст наафшон ба ҷафо.
Нарав, эй шодии ман, аз гуноҳам бозгузар,
Дил набардор аз ин хонаи умеду вафо.
Дил набардор ба саҳл аз мани бечора чунин,
Бас хато кардаму бо бераҳае ёр шудам.
Аз раҳи шафқату дилҷӯӣ маро тарк макун,
Ногаҳ аз дӯст ҷудо гашта нагунсор шудам.
Шодиам аз рухи шодоби ту бошад асаре,
Дили ман бо гули рӯи ту ҳаёт аст мудом.
Бо ҳама мастиву майнушиву девонагарӣ
Синаам хонаи умеду нишот аст мудом.
Бо ту якриштаву яктофта монам ба ҷаҳон,
Ҳар ду як байт сурудем зи ду мисраи умр.
Нарав, эй ёр, баҳори дигаре нест, бидон,
Навбати кишти дигар нест ба ин мазраи умр.
РОЗҲО
Шаби маҳтоб, гулгаштеву дарё
Нигоҳи ёри бепарвою хомӯш
Фаромӯшам намегарданд асло,
Намегарданд як умре фаромӯш.
Агар дарё забои медошт мегуфт,
Муҳаббатро чи подоше супурд ӯ.
Дили бечораамро бетарраҳум
Ба монанди аноре чун фишурд ӯ.
Ба роҳи хеш вай ҳам рафт ман ҳам,
Бирафт, ӯ бахти осон ҷуст ҳар ҷо.
Вале ман сӯи фардо роҳ ҷустам,
Нашуд доғи вай аз дил шуст асло.
Ғами норафтанӣ ҳаргиз набудаст
Чу кӯҳ бошад, ки мӯ-мӯ меравад он.
Бирафтам, гарчи тан додам ба тақдир,
Дили якрав, вале дар кӯи ӯ монд.
Ҷавонӣ меравад, ҳайҳот, бингар
Намеояд ба ҷӯи умр ин об.
Бо соҳилҳои ту, рӯди азизам,
Намеоям дигар шабҳои маҳтоб.
Агар он ваъдабоз ояд, аё дӯст,
Сари роҳаш бигир аз мавҷ занҷир.
Фаромӯшат нагардад, рӯди маҳбуб,
Дили сӯзони ман аз дасти вай гир!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё