Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БЕ ТУ ДАР САЙР БУДАМ...

Бе ту дар сайр будам,
Дар шафати абр будам,
Дар бари қулла --
Таҳи шаршараи наҳр будам.
Борҳо бо ту дар ин гулдара биншаста будам,
Ёд дорӣ, ба сарат чанбари гул баста будам...
Кӯҳ, он кӯҳу чаман, он чамани сабзи баҳор,
Руд, он руди булурини ҳамон замзамакор.
Кабкҳо нағмасаро санг ба санг мепарранд,
Шабпаракҳои чаман нусхаи гул мешумаранд.
Пок аз гард рухи сабзаву себаргаи тар,
Хуш ҳавоест, ки полуда чу чашмони саҳар.
Омадам бе туву бо ёди ту дилтанг шудам,
Ёр, ин ҷо ҳама ҷон ёфту ман санг шудам.

ҚИСМАТИ ҲАЛОЛАМ ДЕҲ!

Орзу ҳамчун ваъдаи ширин
Хуш нигоҳи биё-биё дорад.
Гар қадам монӣ бар сари парвин,
Боз бар пеш дорад исрорат.

Нуқтаи интиҳони ин раҳ нест,
Ҳаст оғозу несташ анҷом.
Турфа роҳест, ҳамчяунон шохест,
Меваҳои баланд дар он хом.

Одамӣ дар талош меҷӯшад,
Меситезад чу барқ метобад,
То ки он орзуи худро баъд
Пухта бинад, расида дарёбад.

Хоҳам, эй бахт, аз ту ҷавлонгаҳ,
Ки дар он по ниҳам, ҷаҳон гардам,
Хоҳам аз ту ба роҳ фармоне,
Дар пояш сӯзаму ҷавон гардам.

пешина
аз 44
навбатӣ