Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТАКРОР МЕОЯМ

Даруни синаам яхҳо шикаста, Миёни ҳалқаҳои чашми ман хуршед мерақсад, Баҳорон боз меояд.
Ба cap хуршеду андар синаам умед мерақсад, Баҳорон боз меояд.
Ман акнун дар лаби дарё, Ман акнун дар канори чашмаҳо Ба мисли сабзаи навхез боз аз хок мерӯям.
Назар бинмуда чун кӯҳ, аз паси дарё Нишони рӯзҳои рафтаам дар об мебинам, Ман аз нав дар баҳори умри худро ёд меорам, Суруди тоза мехонам, Ман акнун бо фазои лоҷувардӣ роз мегӯям, Мухаббатҳову улфатҳои дурам боз меҷӯям.
Зи ҳар пайроҳаи бигзаштаам такрор меоям, Зи нав такрор меоям.
Ман акнун аз ҳавасҳои парешон даст мешӯям, Нигаҳ аз ахтарони дур мебандам.
Ба таъзим аз замин гулҳои рангоранг мечинам, Заминро саҷда меорам, Ба ёрон аз баҳори орзуҳо мужда меорам Агар гирям, чу абри навбаҳорон Наву такрор мегирям.
Агар хандам, чу гулҳои баҳорӣ тоза механдам, Наву такрор механдам.

пешина
аз 44
навбатӣ