Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
МАН ДИЛЕРО НАМЕКУНАМ ҚИСМАТ
Духтаре чун ниҳол мавзун буд,
Ошиқи ҳусни сабзи ӯ будам.
Ҳар шабу рӯз дар канори рӯд,
Дилпур аз бахт назди ӯ будам.
Гӯиё аз нигоҳи сайёд ӯ
Ҳамчу оҳу рамида меомад.
Аз чӣ бошад, ҳамеша ношод ӯ,
Боибо, сархамида меомад.
То набинанд бо манаш ҳамдард
Ҳамчунон барги бед меларзид.
Рӯй аз одамон панаҳ мекард,
Дар паси кокулони маҷнунбед.
Шеър мехонд дилбари дилёб,
3-он, ки мо дар ҷаҳон намепоем,
Меравад умр ҳар нафас чун об,
Мо ба дунё дигар намеоем.
Шеър мехонд нарм-нармак ӯ,
Аз ҷудоиву аз ғами ҳиҷрон.
Нола мекард бод аз ҳар сӯ,
Оҳ мезад бод бо афғон.
Дил ба андӯҳи дигаре машғул,
Ёр бо ман нишаста механдид.
Як гулаш ношукуфта аз сад гул,
Духтари дилшикаста механдид...
...Ман дилеро намекунам қисмат,
Як диле бардавом мехоҳам.
Баҳри ман нима дил чӣ кор ояд,
Ман дилеро тамом мехоҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё