Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ТИРЕЗАҲО
Шом асту боз чашм кушоданд як ба як
Тирезаҳо чун дидаи андешаҳои ман.
Рахшанда ҳар шабу саҳар аз нури зиндагӣ,
Дар роҳҳои орзу чун раҳнамои ман.
Дерест, ман ба шӯълаи он шишаҳои пок
Шабҳо назора дораму ҳастам бас интизор.
Дерест ман ба партави он пардаҳои роз
Хонам таронаҳои умед аз вафои ёр.
Оинаҳои қисмати ман, эй тирезаҳо,
Эй равшани ҷону дили беқарори ман,
Ман интизори шӯълаи бедории шумо,
Сӯи шумост дидаи умедвори ман.
Эй равзани назораи чашмони чори ман.
Тирезаҳои равшани умедвори ман.
Ҳар гоҳ парда мекашад бар рӯятон нигор,
Гуё ниқоб мекашад ба рӯзғори ман.
Эй чашмҳои гарми сухангӯи ошно,
Рахшон тирезаҳои дилафрӯзи ёри ман,
Бар равшании поки шумо дар шабони тор
Ҳастанд ташна ҷону дили беқарори ман.
Бошед агар кушодаву рахшону дилфурӯз
Бикшодааст ин дили пурорзуи ман.
Чашмам зи осмону замин баста мешавад.
Гар пӯшад он нигор шуморо ба рӯи ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё