Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НИҚОБ

Як замон марди фурӯтан буд ӯ,
Меҳрубону мушфиқу ғамхор буд.
Ҳам баробар буд бо хурду калон,
Доимо пуркору камгуфтор буд.

Як замон дар байни ёру дӯстон
Хуштабиат, хушсухан дилзинда буд.
Аз нигоҳаш меҳру шафқат рехта,
Чеҳраи ӯ доимо пурханда буд.

Борҳо аз сидқи дил, бо тобу таб
Ӯ ба дарди дигарон ҳамроҳ буд.
Доимо дар имтиҳони зиндагӣ
Аз тамоми неку бад огоҳ буд.

На хушомаддӯст, на таърифхоҳ,
Дар назарҳо ҷони одам буд ӯ.
Беҳтарин ҳамроҳ дар роҳи сафар,
Марди бас хушбахти олам буд ӯ.

Баъдтар вай з-одаму одамгарӣ
Аз атои умри худ парҳез кард.
Монд як сӯ дӯстиву ёварӣ,
Худписандӣ косааш лабрез кард.

Одамӣ ҳар қадр бошад дар ниқоб
Дер ё зуд боз ифшо мешавад.
Лек ман ҳайронам акнун, дӯстон,
Аз куҷо ин дард пайдо мешавад?

ТАВБА КАРДЕМ

(Ба хотираи кайоннаварди шаҳид
Владимир Комаров)

Хабари марги муфоҷоти далер
Дар асабҳои ҷаҳон ларза фиканд.
Дар гулӯ печ зад оҳи ҳама кас,
Аз дили даҳр фиғон гашт баланд.

Шарари синаи халқу ватанам
Рафту баргашта ба манзил нарасид.
Қосиди пурдили халқам ин бор
Дар сари роҳи само гашт шаҳид.

Ӯ на Колумб, ки бар сарвати ҳинд
Роҳ ҷусту, --
Яке амрик кушуд.
Ӯ ба амри ватану ҳукми замон
Банди афсонаи торик кушуд.

Чун Магеллони само одамият
Достони сафараш мехонд.
Ҳамчу Беруниву Сино ӯро
Ин замин шӯҳрати худ медонад.

Ӯ нарафт аз паси як пора замин,
Ба само шайтанатангезӣ нарафт,

пешина
аз 44
навбатӣ