Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ошиқам, эй диёри кӯҳистон,
Ошиқи нағмаҳои чӯпонат,
Ошиқи дасти заҳмати деҳқон,
Ошиқи саргузашти пиронат.

Нест подоши меҳрубониат
Ин муҳаббат, ки ман ба дил дорам.
Нест дар ҳаққи пуштибониат
Ин саодат, ки ман туро ёрам.

Дӯстдорам, диёри беҳамто,
На барои баҳори Дарвозат
На ба ҳусни тамузи Сирдарё,
Тирамоҳони Вахши мумтозат.

Ошиқам, эй диёри ҳуснобод,
На барои футӯҳи афлокат,
На ба ёди гузаштаи ношод,
Саргузашти дарозу ғамнокат.

Ошиқам на барои неъматҳот,
На барои шукӯҳи иқболат...
Дӯстдорам аз он ки дар дунё,
Зиндааму бо умеди омолат.


Бихон, ёро суруди шодмонӣ,
Бихон ёро суруди дилситонӣ
Саро аз меҳри покат бори дигар,
Capo аз орзуҳои ҷавонӣ.

Бихон, монанди мурғони хушилҳом,
Ки то сайёд гардад моту ҳайрон.
Бихонд то ғулғул афтад дар дили кӯҳ,
Ки то оҳуи шӯх ояд ба ҷавлон.

Суруде хон, ки ғам бигрезад аз кас,
Суруде хон, ки шодӣ монаду бас,
Ҳамеша дӯстонро аз садоят
Фараҳ ояд чу оҳанги мухаммас.

Сурудат ҳамсафар бошад ба ёрон,
Сурудат то бигардад роҳати ҷон.
Бихон аз шавқ бо шӯри ҷавонӣ
Сурудат болу пар бахшад ба инсон.

пешина
аз 44
навбатӣ