Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
Саҳаргоҳон ба истиқболи хуршед
Баро ба қуллаҳои кӯҳсорон.
Рух андар чашмаи нури шафақ шуй,
Нафас гир аз насими обшорон.
Ҳавояш соф чун оби равонаш,
Заминаш поку пок аст осмонаш.
Ҳама гарду ғубори тира дар паст,
Чу оби қаъри кӯза таҳнишин аст.
Сабукрӯҳаст инсон дар баландӣ,
Намебинад аз ин ҷо пастии роҳ,
Ба қайди худ гирифторӣ надорад,
Набистезад ба ҳар ошӯби бадхоҳ.
Чун уқобе ба фазо бол кушо боло шав,
Зери пар гир ҷаҳоневу ҷаҳонпаймо шав.
Ҳайф чун хор ба домони хасон печидан,
Сӯз чун лола, дило, машъалаи саҳро шав.
Гар матоест туро муштарие пайдо кун,
Нест умри абадат, чашм кушо, бино шав.
Оби мурдоб агар моҳии заррин парвард,
Ҳоҷати хеш мабар, ҷӯш зану дарё шав.
Донасӯз аст агар хоки ҷаҳони дигарон, Мушти гил дорӣ ту ҳам, аз гили худ пайдо шав!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё