Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РУБОИЁТ

Баъд аз сари мо низ ҷаҳон хоҳад буд,
Ин гиряву ханда ҷовидон хоҳад буд.
Обе, ки ба ҷӯй меравад, гирён аст,
3-ин ҷӯй гузаштан ормон хоҳад буд.


Аз неруи тан ҳикояте хоҳад монд,
Аз ҳусни чавонӣ сурате хоҳад монд.
Бар умри гузаштаи худ афсӯс махӯр,
Аз меҳру вафо саодате хоҳад монд.


Ҳиммат сухани дастнигарҳо будаст,
Ҳотам ҳашами тангназарҳо будаст.
Он чашм, ки гуфтаанд дунёбинаш,
Кӯри худу бинои дигарҳо будаст.


Аз марг амон, кӣ ёфт, то ман ёбам?
Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам?
Шеър умри ману паёми фардои ман аст,
3-ин беш ҷаҳон, кӣ ёфт, то ман ёбам?


Ҳар ошиқи булҳавас наояд ба дарат,
Ҳар лофзане намешавад ҷонписарат.
Дар боғи ҷавонӣ нахли ишқе парвар,
Дар мавсими пирӣ соя созад ба сарат.


Шаб чашм ба роҳ печу тобам додӣ.
Бар ман сабақе зи сарҳисобам додӣ,
Бар нуқли лабат умед бастам, ҳайҳот.
Аз мурғи дар осмон кабобам додӣ.


Чун лола зи дур сурхрӯй накунам,
Бо дилсияҳои шукуфтарӯй накунам.
Бо неку бади ҷаҳон дилоростаам,
Аз халқи ватан канораҷӯй накунам.


Субҳе зи гиребони шабам механдад,
Хуршеди ман андар талабам механдад.
Оташ ба дилам зи меҳри ӯ пеши касон
Месӯзам чун лола лабам механдад.

пешина
аз 44
навбатӣ